Savol online чист?

       Savol online - ин онлайн-майдончае мебошад, ки бо воситаи он онлайн-пурсишҳо таъсис дода, гузаронида ва таҳлил карда мешаванд. Дар Тоҷикистон ин якумин ва дар айни ҳол ягона интернет-майдончае мебошад, ки дар он истеъмолкунандагони молу хизматрасониҳо метавонанд фикрашонро баён карда, ба сифати молу хизматрасониҳо таъсир расонанд; истеҳсолкунандагон бошанд, метавонанд фикри онҳоро ба инобат гирифта, сифати молу хизматрасониҳои худро беҳтар намоянд. Savol online - ин пуриқтидортарин асбобе мебошад, ки барои тадқиқотчиёни гуногунтарин соҳаҳои зиндагонии инсон имкониятҳои васеъро барои тадқиқотҳо, омӯхтани афкори гуногун гурӯҳҳои ҷамъият новобоста аз маҳал ва вақт фароҳам меорад.

Savol online имконият медиҳад, ки:

Пурсишҳо дар як вақт бо якчанд забонҳо гузаронида шаванд.

Саволномаҳо бо истифодаи 28 навъи савол таъсис дода шаванд.

Натиҷаҳо таҳлил карда шаванд.

Аз квотаҳо истифода бурда, ҳайати лозимии гурӯҳи иштирокчиён таъмин карда шавад.

Гузаришҳои мантиқӣ тартиб дода шуда, саволҳои нодаркорӣ соқит карда шаванд.

Ҷавобҳо ба барномаҳои MS Excel, MS Word, SPSS, R.Stata, PDF ва CSV содир карда шаванд.

Пурсишҳои пӯшида таъсис дода шаванд.

Саволҳои динамикӣ, ки вобаста аз ҷавобҳои ба саволҳои пешина додашуда тағйир меёбанд, сохта шаванд.

Хароҷоти вақт барои гузаронидани пурсиш ва шарҳи маълумот кам карда шаванд.